10 Январ 2021 - 14:29
Беҳбудии ҳудуи як миллиону 75 ҳазор нафар аз мубталоён ба корона дар Эрон

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз беҳбудии ҳудуди як миллиону 75 ҳазор нафар аз мубталоён ба вируси корона дар кишвар хабар дод.

ABNA24 : Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон  «Симо Содот Лорӣ »  рӯзи якшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар гуфт: Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, 5 ҳазору 968 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид-и 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод 417 нафар бистарӣ шуданду ба бақияи беморон низ ба и сурати сарпоӣ хадамот ироа шуд.

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрони афзуд: Маҷмӯи беморони Ковиди 19 дар кишвар ба як миллиону 286 ҳазору 406 нафар расидааст.

Лорӣ ҳамчунин бо баёни ин ки муттаассифона дар 24 соати гузашта, 71 нафар аз беморони Ковиди 19 ҷони худро аз даст доданд, изҳор кард, маҷмӯи ҷонбохтагон бар асари ин беморӣ дар Эрон ба 56 ҳазору 171 нафар расидааст.

Сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон дар идома хотирнишон кард: токунун як миллиону 74 ҳазору 887 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 90 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дасти кам як миллиону 936 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданду ҳудуди 65 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

Амрико бо ҳудуди 23 миллион мубтало ба вируси корона ва дасти ками 381 ҳазор қурбонӣ, ҳамчунон бештарин теъдоди мубталоён ва ҷонбохтагон дар ҷаҳонро ба худ ихтисос додааст.

342/